Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи бунёди манзил дар қаламрави ишғолии Фаластин


Ҳукумати Исроил тарҳи сарвазир Бенямин Нетаняҳу дар бораи бунёди манзилҳои нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи ғарбии руди Урдунро пазируфт. Иёлоти Муттаҳида чандин бор эълом дошт, ки ба бунёди манзилҳои нав аз сӯи Исроил дар ин минтақа мухолиф аст. Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки тибқи тарҳи сарвазир Нетаняҳу дар маҳаллаҳои яҳудинишин тақрибан 700 манзили нав бунёд хоҳад шуд. Баъд аз анҷоми ҷанг дар соли 1967 дар Каронаи ғарбии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқӣ, ки асосан арабҳои ба сар мебаранд, беш аз 100 маҳаллаи нав бунёд гардид, ки дар онҳо тақрибан ним миллион яҳудиҳо зиндагӣ мекунанд. Охири ҳафтаи гузашта Вошингтон аз Исроил бори дигар хост, ки аз бунёди манзилҳои нав дар Каронаи ғарбии руди Урдун даст бардорад ва ба эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG