Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пратибҳа Патил бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад


Пратибҳа Патил, раисиҷумҳури Ҳиндустон, ин саҳар дар шаҳри Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Хонум Патил, баъд аз зӯҳри дирӯз барои анҷоми сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон аст. Шоми дирӯз хонум Патил бо ҳиндуҳои муқими Тоҷикистон мулоқот орост. Ба иттилоъи дафтари матбуотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз раисҷумҳури Ҳинд бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев низ мулоқот мекунад. Дар рӯзи ахири сафари расмияш ба Тоҷикистон хонум Патил дар ҷашнвораи 18-умин солгарди Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ширкат ва баъдан аз шаҳри Кӯлоб дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG