Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши инфиҷори мошинҳо дар Кундуз идома дорад


Нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон иттилоъро дар бораи он ки амри зарбаи ҳавоӣ ба ду мошини ҳомили маводи сӯхти аз сӯи Толибон рабудашуда дар вилояти Кундуз хилофи меъёрҳои НАТО содир шудааст, рад карданд. Ба гуфтаи сухангӯи нерӯҳои байнулмилалӣ генерал Эрик Трембл, айни ҳол мутахассисони НАТО ҷойи ҳодисаро тафтиш мекунанд ва ҳанӯз аз онҳо иттилоъе нарасидааст.
Дирӯз волии Кундуз Муҳаммад Умар ба Франс-пресс хабар дод, ки бар асари таркиши мошинҳои ҳомили маводи сӯхт 6 сокини осоишта, аз ҷумла, як кудак, ба ҳалокат расидаанд. 48 нафари дигари кушташуда – мусаллаҳони мухолифи ҳукуманд. Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин ҳодиса даҳҳо сокини деҳоти атрофи волусволии Чордара кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, бомдоди рӯзи ҷумъа ҳавопаймоҳои НАТО ду мошини ҳомили маводи сӯхти аз сӯи афроди мусаллаҳ рабудашударо бомбборон карданд. Ин мошинҳо маводи сӯхтро аз Тоҷикистон барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон мебурданд. Гуфта мешавад, ки Толибон баъди ҳамла ба ин ду мошин ронандаи яке аз мошинҳо ва писари ӯро эъдом кардаанд.
XS
SM
MD
LG