Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


Ба иттилоъи низомиёни НАТО, бар асари таркиши бомб дар ҷануби Афғонистон як сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расид. Тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест. Ҳамчунин дирӯз бар асари ҷароҳатҳои дар задухурд бо толибон бардошта як низомии ҳоландӣ аз олам даргузашт.
Моҳи гузашта яке аз сангинтарин моҳҳо барои нерӯҳои байнулмилалӣ баъд аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар соли 2001-ум буд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ ва дар задухурдҳо 51 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG