Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай 48,7 фоизи ороро ба даст овардааст


Бартарии раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай бар рақибонаш дар интихоботи президентии рӯзи 20 август рӯшантар мешавад. Бар асоси шумориши 75 дарсади оро, Карзай бо 48,6 дарсади оро дар мақоми аввал аст. Карзай аз 4,3 миллион орои шумурдашуда беш аз 2 миллион раъйи мувофиқ ба даст овардааст. Рақиби аслии ӯ - вазири собиқи умури хориҷӣ доктор Абдуллоҳ 1,3 миллион раъй дар даст дорад, ки муодили 31,7 дарсади орост, яъне қариб 17 дарсад камтар аз Карзай.
Мақомоти интихоботии Афғонистон ҳамчунин эълон карданд, ки натоиҷи раъйгирӣ дар 447 ҳавзаро ба далели нақзи қонуни интихобот лағв кардаанд. Куммиссиюни интихобот мегӯяд, беш аз 2000 шикоят роҷеъ ба тақаллуб дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG