Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи раъйдиҳӣ дар 447 ҳавза лағв шуд


Мақомоти интихоботии Афғонистон имрӯз эълон карданд, ки натоиҷи раъйгирӣ дар тақрибан 450 ҳавзаро ба далели нақзи қонуни интихобот лағв кардаанд. Ин хабар ҳамроҳ бо натиҷаҳои бештари шумориши орои интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълон шуд, ки баёнгари рӯшантар шудани пешсафии раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай аст.
Бар асоси шумориши аз се ду ҳиссаи оро, Карзай ҳудуди 48,6 дарсад ва рақиби аслии ӯ - вазири собиқи умури хориҷӣ доктор Абдуллоҳ 31,7 дарсади ороро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG