Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба бозбинии улуми инсонӣ мепардозад


ИРНО, хабаргузории расмии Эрон хабар дод, ки тадриси улуми инсонӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар бозбинӣ хоҳад шуд. Ҳамидризои Оятуллоҳӣ, раҳбари Пажӯҳишгоҳи мутолиоти инсониву фарҳангӣ гуфтааст, бахши аъзами барномаҳои дарсӣ дар Эрон мувофиқ ба фарҳангии исломии Эрон нест ва ниҳоди зери назари ӯ ин барномаҳоро бар асоси тавсияҳои раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бознигарӣ хоҳад кард.
Хоманаӣ дар мулоқоташ бо донишмандон дар ҳафтаи гузашта гуфта буд, бисёре аз улуми инсонӣ бар пояи фалсафаҳои моддигароӣ таҳия шуда, дар қалби толибилмон тухми шубҳаву гумонро дар бораи таълимоти Ислом мекорад.
XS
SM
MD
LG