Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли 3 афсари пулиси Покистон дар Ҳасан-Абдол


Пулиси Покистон мегӯяд, 3 афсари пулис дар ғарби пойтахт, шаҳри Исломобод кушта шуданд. Аҷсоди аз ноҳияи сар тирхӯрдаи ин афсарон субҳи имрӯз аз қаровулхонаи онҳо дар остонаи пули роҳи оҳани шаҳри Ҳасан-Абдол кашф шуд.
Намояндаи пулис Аршад Маҳмуд гуфт, зоҳиран ин афсарон ҳангоми хоб кушта шудаанд. Касе то ҳол масъулияти ин кушторро бар ӯҳда нагирифтааст.
Давлати Покистон имсол дар бораи як силсила амалиётҳои бомуваффақияташ алайҳи Толибон хабар дод, вале ҳамлаҳо дар саросари кишвар, бавижа дар минтақаи бо Афғонистон ҳаммарзи шимолу ғарб ҳамчунон идома доранд.
XS
SM
MD
LG