Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чеченистон боз як маъмури милиса кушта шуд


Мақомоти Чеченистон мегӯянд, як маъмури милиса дар даромадгоҳи манзилаш дар Грозний, пойтахти ин ҷумҳурии ошӯбзадаи тобеъи Русия кушта шуд. Вазорати умури дохилии Чеченистон гуфт, Муслим Юсупов аз ноҳияи сар ва синааш 4 тир хӯрдааст. Русия ахиран аз анҷоми амалиёти 10 сол тӯлкашидаи “зиддитеррористӣ”-аш дар Чеченистон хабар дод. Вале бо ин вуҷуд, ошӯбҳо ва ҳамалот алайҳи мақомоти интизомӣ дар ин минтақа ва ҳамин тавр дар ҷумҳуриҳои бо Чеченистон ҳамҷавори Доғистону Ингушистон дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG