Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати аҳли матбуот аз додситони нави Теҳрон


Беш аз 300 тан аз аҳли матбуот ва фаъолони эронӣ дар номаи саркушодае аз додситони ҷадиди Теҳрон даъват кардаанд, хабарнигорони боздоштшударо раҳо ва дастури манъи рӯзномаҳоеро, ки додситони собиқ содир карда буд, лағв кунад.
Номае, ки дар сомонаи интернетии Ҷабҳаи мушорикат, як ҳизби умдаи ислоҳталабони Эрон нашр шуд, унвонии Аббос Ҷаъфарии Давлатободист, ки ахиран дар курсии додситони Теҳрон Саид Муртазавиро иваз кард.
Дар ин нома боздошти хабарнигорон бо дарназардошти шароити кунунии кишвар ғайримашрӯъ ва бидуни заминаи қонунӣ номида шудааст. Муртазавӣ дар боздошт ва ба додгоҳ кашидани беш аз 100 тан аз ислоҳталабон ва хабарнигорону фаъолоне, ки дар ташкили эътирозҳои пасоинтихоботӣ айбдор мешаванд, нақши умдаеро бозӣ мекард.
XS
SM
MD
LG