Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон эҳтироми Амрико ба интихоби Ваҳидиро хостааст


Эрон аз Амрико тақозо кардааст, вазири дифоъи ин кишвар интихоб шудани Аҳмад Ваҳидӣ, нафареро, ки Аргентина дар иртикоби бомбгузории хунини як маркази яҳудӣ таҳти пайгарди байналмилалӣ қарораш додааст, эҳтиром гузорад. Вошингтон гуфтааст, Эрон бо интисоби Ваҳидӣ пой ба гузашта мениҳад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ҳасани Қашқавӣ имрӯз гуфт, давлати Амрико бояд иродаи миллати Эронро эҳтиром кунад. Аргентина Ваҳидиро ба даст доштан дар бомбгузории соли 1994 дар пойтахти Аргентина, шаҳри Буэнос-Айрес, ки мунҷар ба ҳалокати 85 нафар шуд, муттаҳам мекунад. Теҳрон аммо ҳар навъ иртиботаш бо он ҳамларо мукарраран радд кардааст.
XS
SM
MD
LG