Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Босворф аз иддаои ахири Пхенян


Фиристодаи Амрико дар умури Кореяи шимолӣ Стивен Босворф имрӯз дар Сеул, пойтахти Кореяи ҷанубӣ дар мавриди иддаои Пхенян, ки гуфт, ба роҳи дуввуми тавлиди бомбҳои ҳастаӣ даст ёфтааст, изҳори нигаронӣ кард. Кореяи шимолӣ ду рӯз пеш эълон кард, ки дар марҳалаи ниҳоии ғанисозии ураниум қарор дорад. Стивен Босворф ин эъломияро бозгӯи дигари мушкилоте хонд, ки талошҳои Пхенян барои даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ эҷод мекунад. Босворф афзуд, ин мавзӯъест, ки бояд баррасӣ шавад. Ғанисозии ураниум бар изофаи барномаҳои плутониум ба Кореяи шимолӣ як имкони дигари дастёбӣ ба сохтани таслиҳоти ҳастаиро фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG