Пайвандҳои дастрасӣ

Муродамин, як ҷавони 25-солаи шаҳри Хуҷанд, кӯшидааст бо гирифтани замин манзили зист бунёд кунад, аммо дархосташ аз масъулини мақомот бенатиҷа боқи мондааст.

Муродамин мегӯяд, шароити мушкили манзил ва дастрасии замин бештар ҷавононеро, ки нав оила барпо намудаанд, ба ташвиш овардааст. Вай меафзояд, ҳадафи аслии шумори бештари ҳамсолонаш, ки солҳои тӯлони умрашонро дар муҳоҷирати Русия сипарӣ мекнунад, ҷамъ кардани маблағи зарурӣ барои харидории манзил аст.

Соли ҷорӣ ҳудуди ҳашт ҳазор сокинони Хуҷанд ба мақсади беҳтар кардани шароити зист ва раҳоӣ аз мушкили муҳтоҷӣ ба манзил, барои гирифтани замин ба мақомот муроҷиат кардаанд.

Музаффар Раҳимхӯҷаев, мудири бахши баҳисобгирии манзили мақомоти шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, сабаби афзудани шумори сокинони ниёзманд ба манзил дар ҳолест, ки имрӯз бисёре аз корхонҳои сохтмонӣ ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил дода шудаанд ва ин ҷамъиятҳо панҷоҳ дарсади иқтидори корӣ дар замони қаблиро надоранд.

Ӯ мегӯяд, «он корхонаҳои сохтмонӣ, ки дар замони Шӯравӣ мунтазам кор мекарданд, аксарашон ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ё хусусӣ карда шудаанд. Аз ин сабаб ягон корхонаи сохтмонӣ имрӯз ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд кор нагирифтаанд».

Солҳои охир ба ҷуз аз сохтмони як-ду бинои истиқоматӣ барои кормандони идораҳои ҳукуматӣ сохтмони биноҳо дар шаҳри Хуҷанд ба мушоҳида намерасад ва аз сабаби камбуди сохтмонҳо нархи хонаҳо боло рафтааст.

Аслиддин, як ҷавони дигар, ки ҳоло ҳамроҳи бародараш дар ҳавлии падарашон ба сар мебарад, мегӯяд, бародараш, ки нияти хариди манзили алоҳидаро дорад, шаш сол аст рӯ ба муҳоҷират ниҳодааст.

Вай афзуд, «ҳар як ҷавон мехоҳад, ки зиндагии мустақилона дошта бошад ва ҳаракат мекунад, ки соҳиби хонаи худ, мошини худ бошад. Аммо шароити номусоиди кор ва маоши нокофӣ аксариятро маҷбур мекунад, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд».

Амаки Содиқ, як сокини бознишаста, ки ҳамроҳ бо ду фарзандаш ба сар мебарад, мегӯяд, бунёди манзил барои фарзандонаш ӯро ба ташвиш овардааст. Соддиқамак меафзояд, «мо замин надорем. Барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба идораи замини хоҷагӣ ариза пешниҳод кардам, лекин то ҳол ҷавоб надодаанд».

Дар шароити феълӣ ҷавононе, ки дар манзилҳои иҷора сарсону саргардонанд, ба ҳамсолонашон, ки ҳавливу хонаҳои волидонашонро ба мерос гирифтаанд, бо чашми ҳавас менигаранд. Чун анъана волидон одатан ба фарзанди хурдӣ ва ё нафаре, ки масъулияти нигоҳубини онҳоро дар аёми пиронсолӣ ба ӯҳда мегирад, моликияти худро ба мерос мегузоранд, аммо бисёриҳоро боз ҳамон шароити душвори оилавӣ ва мушкили замину манзил ба изтироб меорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG