Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи МакКристалл дар мавриди ҳамлаи Кундуз


Фармондеҳи аршади НАТО дар Афғонистон таъйид кард, ки дар байни онҳое, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО алайҳи ҷангиёни толиб дар шимоли Афғонистон ҷароҳат бардоштанд, афроди ғайринизомӣ низ будаанд. Генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристалл тааҳҳуд супурд, ки мардуми Афғонистонро аз натоиҷи таҳқиқоти комили ин қазия дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Генерал МакКристалл дар наворе, ки дирӯз тавассути телевизиони Афғонистон нашр шуд, гуфт, ки ӯ мавридҳои эҳтимолии ҳалокат ваё ҷароҳат бардоштани афроди бегуноҳро “хеле ҷиддӣ” хоҳад гирифт. Субҳи ҷумъа бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО ба ду мошини ҳомили маводи сӯхт, ки ҷангиёни толиб тасарруф карда буданд, дар вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон то 90 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG