Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 7-уми сентябр, мулоқоти Пратибҳа Патил, президенти Ҳинд, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Қасри Миллат сурат гирифт.

Дар ин мулоқот ягон санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо нашудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои ҳиндуяш дар як нишасти хабарӣ Ҳиндустонро ҳамкори боэътимоди кишвараш унвон кард. Вай гуфт, дар мулоқот бо раисиҷумҳури Ҳинд масоили мухталифи ҳамкории ду кишвар, азҷумла дар бахши иқтисод, баррасӣ шуд.

Пратибҳа Патил, раисиҷумҳури Ҳинд, дар навбати худ иброз дошт, ки кишвараш тасмим дорад ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар бахшҳои гуногун, ба вижа дар бахши маориф, тавсеа бахшад.

Зимни барномаи сафар раисиҷумҳури Ҳинд имрӯз ҳамчунин бо як қатор намояндагони олирутбаи Тоҷикистон, азҷумла Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси намояндагон ва Оқил Оқилов – нахуствазири кишвар мулоқот хоҳад кард.

Фардо қарор аст президенти Ҳинд дар ҷашнвораи 18-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ширкат намояд ва ҳамчунин аз шаҳри Кӯлоб дидан кунад.

Кишвари афсонаҳо ва таронаҳо

Ин кишвар барои бозсозии фурӯдгоҳи Айнӣ 20 миллион доллар, барои тармими нерӯгоҳи Варзоб - 17 миллион ва барои бунёди як меҳмонхона дар Душанбе 5 миллион доллар тахассус додааст ...
Ҳиндустон дар зеҳни мардуми тоҷик аз замони шӯравӣ асосан бо филмҳои пуртаронааш ҳамчун як кишвари афсонавӣ тасаввур мешавад. Филмҳои ҳиндӣ ишқи Ҳиндустон ва орзуи сафар ба ин кишвари афсонавӣ ва ҳамешабаҳорро дар қалби мардуми зиёде бедор мекард. Ҳама гумон мекард, ки дар он кишвар фақру нодорӣ аслан вуҷуд надорад. Ва то ҳанӯз маҳбубияти ин филмҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон коста нашудааст.

Вале тайи солҳои охир равобити ду кишвар бештар шакли прагматикӣ гирифта, ҷониби Ҳиндустон дар чандин иншооти бузурги Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Азҷумла ин кишвар барои бозсозии фурӯдгоҳи Айнӣ 20 миллион доллар, барои тармими нерӯгоҳи Варзоб - 17 миллион ва барои бунёди як меҳмонхона дар маркази Душанбе беш аз 5 миллион доллар тахассус додааст.

Вакили парлумон Назриҷон Солеҳов бо тавсиф аз равобити ҳасанаи Тоҷикистону Ҳинд мегӯяд, ду кишвар муваффақ шудаанд, ки қариб дар кулли соҳаҳо ҳамкориҳои худро тақвият диҳанд.

Равобити камранги иқтисодӣ

Аммо бо вуҷуди равобити хуби сиёсӣ миёни ду кишвар, рақамҳои оморӣ баёнгари воқеиятҳои дигар ва хеле ночиз будани мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Ҳинд мебошанд. Бино ба иттилои вазорати иқтисод, тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда беш аз 25 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он миён содироти фаровардаҳои Тоҷикистон ба Ҳинд каме бештар аз 100 ҳазор доллар ва боқӣ ҳама воридоти маҳсулот аз Ҳинд будааст.

Як далели чунин табодули ками молу коло байни Тоҷикистон ва Ҳинд камбуди роҳҳои собити иртиботист ...
Аз Тоҷикистон ба Ҳинд асосан сабзавот ва меваи хушк содир мешавад ва аз он ҷо ба Тоҷикистон бештар гушту моҳиву тухм ва фанновариҳову маводи тиббӣ ворид мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки як далели чунин табодули ками молу коло байни Тоҷикистону Ҳинд камбуди роҳҳои собити иртиботист, ки ҳамлу нақли колоро байни ду кишвар маҳдудкардааст. Коршиносон мӯътақиданд ки бо ором шудани авзои минтақа ва фаъол шудани роҳҳои транзитӣ тавассути Афғонистону Покистон, ҳаҷми табодули молу коло байни Тоҷикистону Ҳинд метавонад ба маротиб афзоиш ёбад.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни сафари президенти Ҳинд ба Тоҷикистон имзои асноди ҳамкорӣ байни Душанбеву Деҳлӣ дар назар гирифта нашудааст. Сафари хонум Пратибҳа Патил ба Душанбе нахустин дидори ӯ аз минтақаи Осиёи Марказист ва бархе аз соҳибназарон инро далели таваҷҷӯҳи вижаи Ҳинд ба Тоҷикистон шумурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG