Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуф ва нигаронӣ аз ҳамлаи Кундуз


Маросими дафни қурбониёни ҳамлаи ҳавоии НАТО дар Қундуз
Маросими дафни қурбониёни ҳамлаи ҳавоии НАТО дар Қундуз

Ҳалокати мардуми ғайринизомӣ дар ҳамлаи ҳавоии НАТО дар Кундуз мояи нигаронии ҳам Кобул ва ҳам Амрикову Аврупо шудааст.

Кохи Сафед дар бораи ҳалокати афроди ғайринизомӣ бара сари ҳамлаи ҳавоии Амрико дар вилояти Кундузи Афғонистон изҳори “нигаронии зиёд” кард ва гуфт, ин қазия, ки мунҷар ба ҳалокати то 90 нафар шуд, бояд таҳқиқ шавад. Ҷангандаи амрикоӣ субҳи ҷумъа ду мошини ҳомили маводи сӯхтро дар Қундуз замоне ҳадафи бомбборон қарор дод, ки он ду мошинро чирикиҳои толиб тасарруф карда, аз мардуми маҳаллӣ даъват карданд, маводи сӯхти ин мошинҳоро бигиранд.

Вузарои хориҷаи ИА дар нишасти Стокҳолм дар бораи ҳалокати афроди ғайринизомӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО алайҳи мошинҳои аз сӯи Толибон тасарруфшудаи маводи сӯхт дар вилояти Қундузи Афғонистон изҳори таассуф карданд. Бернар Кушнер, вазири умури хориҷии Фаронса, ин ҳамларо, ки ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, то 90 кушта ба ҷо гузошт, “иштибоҳи бузург” номид ва афзуд, ки он бояд таҳқиқ шавад. Куммисари равобити берунаи ИА Бенита Ферреро-Волднер ин ҳодисаро “як фоҷиаи хеле в хеле бузург” унвон кард.

Феълан НАТО, СММ ва давлати Афғонистон ба хотири таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса ҳайъатҳои худро ба вилояти Кундуз эъзом кардаанд.

Мошинҳои маводи сӯхт дар роҳе, ки аз Тоҷикистон ба Кобул мебурд, дар як минтақаи нисбатан ороми шимоли Афғонистон тасарруф шудаанд. Дар бораи ҳуввияти афроди кушташуда гузоришҳо ҳамчунон зиддунақизанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, то 50 нафар аз кушташудагон ҷангиён будаанд.

Сухангӯи паймони низомии НАТО Ҷеймс Аппатураӣ гуфт, як ҳадафи таҳқиқоти комили қазия ҳам маълум кардани ҷузъиёти ҳамла ва ташхиси ҳуввияти ҳамаи кушташудагон хоҳад буд, ки оё чанд нафари онҳо раҳгузари оддӣ ва чандаш ҷангист: “Мушкиле, ки мо ҳама дорем, албатта, ин аст, ки касе аз Толибон ва дигар гурӯҳҳои чирикӣ - душманони дигари мо дар Афғонистон – дар тан либоси низомӣ надорад. Онҳо либосеро дар бар мекунанд, ки ҳама мепӯшанд ва бо чунин либос дар байни издиҳом пинҳон мешаванд. Баъзан нафақат барои сарбозони мо ва ҳамин тавр барои боқӣ, маълум кардан, ки кӣ раҳгузари оддист ва кӣ ҷангии толиб, хеле мушкил аст.”

Давлати Афғонистон ва пуштибонони ғарбии Кобул дар ташвишанд, ки ин ҳамла метавонад хашми мардумро дар Афғонистон нисбат ба ҳалокати афроди осоишта бештар кунад. Бино ба хабарҳо, фазо дар маҳалли ҳодиса дар рӯзи шанбе, ки мардум кушташудагонро ба хок месупурданд, мутташанниҷ боқӣ мемонд. Бадани баъзе аз кушташудагон қариб тамоман сӯхта, ташхиси ҳуввияти онҳо ғайримумкин шуда буд.

Хабаргузории Франс Пресс аз қавли вакилони парлумони Афғонистон навишт, ки гуфтаанд, ҷангиён аз мавориди ҳалокати мардуми осоишта ба хотири барангехтани хашми бештари мардум нисбат ба ҳузури нирӯҳои хориҷӣ истифода хоҳанд бурд. СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар чандин бор ҳалокати мардуми ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро маҳкум кардаанд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ кушта шудани мардуми осоиштаро ғайриқобилиқабул номидааст. Аммо Карзай ба ин далел, ки ба хотири боло бурдани маҳбубияти худ дар байни мардум ҳалокати афрод бар асари ҳамлаҳои нирӯҳои эътилофиро ба боди интиқод кашида, аммо қурбониёни ҳамлаҳои чирикиҳои толибро нодида мегирад, баъзан худ мавриди интиқод қарор мегирад.

Ва ба хотири коҳиш додани ҳалокати афроди ғайринизомӣ, генерал Стенлӣ МакКристалл, фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон, дастур додааст, ки теъдоди ҳамлаҳои ҳавоӣ дар манотиқи хатарзо барои мардуми осоиштаро камтар кунанд.
XS
SM
MD
LG