Пайвандҳои дастрасӣ

Чавес аз мақомоти Эрон ситоиш кард


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес ба хотири музокирот бо муттаҳидинаш аз давлати Эрон вориди Теҳрон шуд. Чавес баробари расидан мақомоти Эронро ситоиш кард, ки ба “нирӯҳои ғарбӣ”, ки ба бовари ӯ, талош доштанд вазъро дар Эрон баъд аз интихоботи 12 июн ба ҳам зананд, муқобила карданд.
Қабл аз боздидаш аз Эрон, Ҳуго Чавес дар Сурия бархӯрди давлати Исроил нисбат ба фаластиниҳоро маҳкум кард ва Исроилро ҷосуси империализми амрикоӣ номид.
Интизор меравад, Чавес дар идомаи ин силсиласафараш аз Русияву Беларус низ дидан кунад.
XS
SM
MD
LG