Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Мӯсавӣ ба идомаи эътирозҳо


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ рӯзи шанбе бори дигар мақомоти Эронро дар робита ба интихоботи 12 июн ба тақаллуб айбдор кард. Номзади шикастхӯрдаи ислоҳталабон дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Эрон дар паёме, ки дар сомонаи интернетиаш нашр кард, ҳамчунин хостори идомаи эътирозҳо алайҳи тақаллуби натоиҷи интихобот шуд. Ин даъвати Мӯсавӣ дар ҳолест, ки парлумони Эрон рӯзи панҷшанбе бо ҳимоят аз раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод аксарияти кулли номзадҳо ба кобинаи нави вазирони ӯро тасвиб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG