Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ба марзи Сурия нирӯи изофӣ мефиристад


Ироқ гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз убуру мурури ҷангиён ба истиқрори нирӯҳои бештари пулисаш дар марз бо Сурия оғоз кардааст. Генерал Тариқ Юсуф гуфт, ки дастури эъзоми нирӯҳои изофӣ ба марзҳои Сурияро дар ин ҳафта худи сарвазир Нурӣ Моликӣ содир кардааст. Давлати таҳти раҳбарии шиъаҳои Ироқ ҷангиёни сунниеро, ки дар хоки Сурия мустақаранд, ба даст доштан дар бомбгузориҳои хунини рӯзи 19 август алайҳи вазоратхонаҳои Ироқ дар Бағдод, ки мунҷар ба ҳалокати наздики 100 нафар шуд, айбдор мекунад. Таниш байни Бағдоду Димишқ боис шуд, ки ду кишвар сафирони худро фаро бихонанд.
XS
SM
MD
LG