Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани се сарбози Олмон дар Кундуз


Рӯзи шанбе бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар шимоли Афғонистон се сарбози Олмон ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммадумар, волии Кундуз гуфт, маргталаб худро дар дохили як мошини бомбгузоришуда мунфаҷир кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё касе аз мардуми раҳгузар низ бар асари ин ҳамла осеб дида ё хайр.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ин гурӯҳ масъулияти анҷоми ҳамлаи Кундузро бар дӯши худ мегирад. Толибон дар ин авохир фаъолиятҳои худро дар шимоли Афғонистон назар ба қабл густариш додаанд.
XS
SM
MD
LG