Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 43 ҷангии "Лашкари Ислом" дар водии Тира


Нирӯҳои Покистон мегӯянд, дастикам 43 ҷангии исломиро дар минтақаи қабиланишини Хайбар дар марз бо Афғонистон ба ҳалокат расонда, қароргоҳҳои ин ҷангиёнро аз байн бурдаанд. Як мақоми амниятӣ ба Франс Пресс гуфт, нирӯҳои шибҳанизомӣ таҳти ҳимояти оташи чархболҳову тӯпхонаҳо ба қароргоҳҳои ҷангиёни гурӯҳи мавсум ба "Лашкари Ислом" дар водии Тира ҳамла карданд. Нирӯҳои Покистон дар пайи як бомбгузории маргталабонаи рӯзи 28 август дар гузаргоҳи Торхам дар марзи Покистон бо Афғонистон, ки 22 афсари пулисро кушта ба ҷо гузошт, амалиёти густардаеро алайҳи ҷангиён дар ин сарзаминҳои қабиланишин ба роҳ андохтаанд.
XS
SM
MD
LG