Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Браун хостори идомаи кӯмак ба иқтисод шуд


Сарвазири Бритониё Гордон Браун дар нишасти вузарои молияи 20 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунё дар Лондон гуфт, қатъ кардани кӯмакҳои изтирорӣ ба иқтисоди бӯҳронзадаи ҷаҳонӣ ҳанӯз барвақт аст. Гордон Браун чунин корро “иштибоҳи ҷиддӣ”-е номид, ки метавонад “аломатҳои тозаи рӯ ба эҳё овардани иқтисод”-ро замин кунад. Браун гуфт, беш аз 5 триллион доллар ваъдаи кӯмаки раҳбарони ҷаҳон ба хотири пуштибонии иқтисод, ки ҳанӯз иттихоз нашудааст, бояд тибқи барнома такмил шавад. Нишасти вазирони молияи гурӯҳи Ҷӣ-20 дар Лондон дар пешорӯи нишасти сарони ин гурӯҳ аст, ки рӯзҳои 24 ва 25 сентябр дар Питтсбурги Амрико доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG