Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисмати қурбониёни зиндамондаи мина


Гузориши тозанашри Созмони байнулмилалии маъюбон (Handicap International) мегӯяд, алорағми пешравиҳое дар заминаи хунсо шудани минаҳои зиддинафару бомбаҳои хӯшаӣ ҳукуматҳо дар самти ироаи кӯмакҳои иҷтимоиву равонӣ барои осебдидаҳои таркишҳо талоши каме ба харҷ медиҳанд. Дар кишварҳои мисли Тоҷикистон маҷрӯҳон дар ниҳояти амр бо мушкилоти худ танҳо ба танҳо мемонанду, хароҷоти муолиҷаву барқарории рӯҳониву ҷисмонии онҳо ба дӯши аҳли хонаводаашон мемонад.

Рӯзи наҳси Ихтиёр

Сокини Конибодом Ихтиёр Акрамов 35 сол дорад ва аммо баъди як ҳодисаи моҳи октябри соли 2000-ум зиндагии вай якбора ба ду марҳила тақсим шуд - пеш аз таркиш ва баъди он. Вай бо сад умед аз муҳоҷирати Русия ба зодгоҳ бармегашт, то ба дидори ҳамсари азизу волидони мушфиқаш бирасад. Вале набуди санадҳояш боиси пеш омадани бадбахтиҳои зиёди дигар шуд. Ихтиёр он рӯзи наҳсро чунин ба ёд меорад:

"Ҳуҷҷатҳоямро дар Русия гум карда будам. Ба сарҳади Ӯзбакистон омада дармондам. Маро намонданд, ки гузарам. 30 ҳазор пули ӯзбакӣ талаб карданд, пул надоштам. Баъд гуфтам аз боло, аз шағалзор гузашта ба хона меравам. Вай (мина) дар шағалзор будааст, ман поямро нохост болояш гузоштаму нафаҳмидам. Ёдам ҳаст, ки поям дар як чиз дармонд ва баъди ин ҳеҷ чиз дар ёдам нест. Як чизи сурх буд, ки кафид ва ман дигар аз ҳуш рафтам".

Ихтиёр мегӯяд, баъди ба худ омаданаш бо пои худ ба яке аз касалхонаҳои шаҳри Конибодом рафта, барои муддати зиёд бистарӣ
"Ихтиёр аз муҳоҷират аз Русия бармегашт. Пои пиёда хост, марзи Узбакистонро ба сӯи Тоҷикистон убур кунад. Дар шағалзор пояш банохост ба чизе дармонд..."
мешавад. Дар он таркиш ҷигар ва сутунмӯҳраи вай осеб дида, то ҳанӯз азияташ медиҳад. Ихтиёр, маъюби дараҷаи ду мегӯяд, ки кӯмаки ҳамаҷонибаи падару модарашро дар он шабу рӯзи сахт ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад:

"Вақте падарам ба нафақа баромаданд, аз ҷои корашон ба он кас як қитъаи замин доданд. Ҳамонро фурӯхта маҷбур дорупулию балнисапулӣ кардем. Агар ҳамон пул намешуд, аслан табобат карда намешуд. 100 ҳазор пули русӣ сарф шуда буд".

Қиссаи садҳо Ихтиёрҳо

Дар Тоҷикистон имрӯз садҳо чунин мардону занон ва кӯдаконе ба сар мебаранд, ки бар асари таркиши минаҳои зиддинафару бомбаҳои хӯшаии даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва инчунин баъди минакоришавии марз аз ҷониби Ӯзбакистон якумрӣ маҷрӯҳ шудаанд. Куллан аз он замон то имрӯз дар ҷумҳурӣ 802 ҳодисаи таркиши минаҳо гузориш шудааст ва аз ин миён, беш аз 350 нафар ба ҳалокат расида 450 тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдаанд. Стан Брабант аз Созмони байналмилаии маъюбон (Handicap International) мегӯяд, "вақте шароити хонаводаии ин мардуму ниёзмандии ин маҷрӯҳонро ба кӯмаки наздиктарин аъзои хонаводаашон арзёбӣ мекунед, дарк мекунед, ки бар асари таркиши минаҳо нафарони аз ин ҳам бештар зарар дидаанд". Чунки падари маъюб дигар наметавонад мисли пештара корҳои сахти ҷисмониро анҷом диҳаду ноновари аслии хона бошад ва духтари осебдида эҳтимол аст, ки фардо оила барпо кунад.

Созмони байналмилалии маъюбон, мақарраш дар Белгия, ахиран шароити иҷтимоии осебдидаҳои таркиши минаҳоро мавриди омӯзиш қарор дод. Ин созмон мегӯяд, ки натиҷаҳои бадастомада як андоза хушҳолкунандаанд.

Стан Брабант, яке аз муаллифони ин гузориш гуфт, дар сатҳи ҷаҳонӣ муваффақияти куллӣ ин аст, ки беш аз 150 давлат Паймони манъи
"Қурбонии минаҳо на танҳо афроди таркид ҳастанд, балки ҳамчунин хонаводаҳои онҳо"
минаҳо - санаде, ки минаҳои зиддинафарро манъ мекунад, имзо кардаанд. Ин кишварҳо дар амри иҷрои аксар бандҳои ин паймон иқдом карда захираҳои минаҳои худро нобуд кардаанд. Вале ҷиҳати заъфи масъала ин аст, ки бахши кӯмак ва мусоидат ба зарардидаҳои таркиши минаҳо пурра иҷро намешавад.

Таҳқиқоти мазкур вазъи кӯмакрасонӣ ба зарардидаҳои таркиши минаҳо дар саросари ҷаҳонро аз лиҳози дастрасии онҳо ба кӯмаки тиббӣ, барқарории ҷисмонӣ, ҳамоиши иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо ҷомеа ва кӯмаки равонӣ баррасӣ кардааст. Дар мисоли Тоҷикистон, мегӯяд таҳқиқоти ин созмон, нисфи маъюбон ба андак беҳбуд ёфтани шароити барқарории ҷисмониашон дар давоми панҷ соли охир ишора кардаанд.

Бадтар аз ҳама дар гузориш вазъи ҳамоиши маъюбон ба ҷараёнҳои иқтисодӣ тасвир шудааст. Дар пурсиш 72 дар сад гуфтаанд, ки солҳои охир шароити ба кор қабулкунии онҳову дарёфти шуғл дар бозори кори дохилӣ тағйир наёфтааст ва маъмулан номзадии онҳоро дар охирин лаҳза ҳамчун нафари шоиста барои кор арзёбӣ мекунанд. Аксарияти зарардидаҳо бар асари таркиши минаҳо (76 дар сад) гуфтаанд, ки аз лиҳози равонӣ вазъи онҳо дар панҷ соли охир беҳбуд наёфт: хадамоти равоншиносӣ дар чанд соли охир пешрафт накарда аслан бетағйир мондааст. Ва дар чунин шароит, мегӯяд ин созмон, бори аслии ироаи ҳама кӯмакҳои равонӣ ба дӯши аъзои оила, падару модар, зану шавҳару фарзанд меафтад.

Беихтиёрии имрӯзи Ихтиёр

Ихтиёр Акрамов низ бо ин ҳарфҳо мувофиқ аст. Вай, ки ҳоло моҳе 78 сомонӣ нафақа мегирад, мегӯяд, дар хонаводаи онҳо нақши марду зан дигар шуд ва ҳамсари вай ба хотири кӯмак ба шавҳари бемораш ҳоло ба корҳои сангин машғул мешавад:

"Ҳозир келин мепояд маро. Мо "духтар" шуда дар хона шиштаему вай "мард" шуда баромада кор мекунад. Русия рафта чор танга ёфта меояд. Азоби маро худову ҳамин келин медонад. Шабона ҳиққосзанон бағаламро дошта мехобам, вай медонад. Ман шарм медорам. Ягон кас мегуфтагист, ки ин маҷрӯҳ шуда дар хона мешинаду занаш кор мекунад. Ман шарм медорам. Марде, ки меҳнат намекунад, вай мард нест".

Аз назари созмонҳои имдодрасон, як мушкили аслии ин бахши маъюбон дарёфти шуғл ва кори даромаднок аст. Равшан Нозиров аз
Ихтиёр: "Шабона ҳиққосзанон бағаламро дошта мехобам, вай медонад. Ман шарм медорам. Ягон кас мегуфтагист, ки ин маҷрӯҳ шуда дар хона мешинаду занаш кор мекунад. Ман шарм медорам. Марде, ки меҳнат намекунад, вай мард нест".
бахши конибодомии Созмони Ҳилоли Аҳмар аст. Вай мегӯяд, ки дар тамоми ин муддат дар ин ноҳия панҷ нафар ҷони худро дар паи таркиши минаҳо аз даст дода чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Се нафари онҳо сарбозони собиқе буданд, ки ҳангоми хизмати сарбозӣ дар Тавилдара баъди бархӯрд бо мина шадидан осеб диданд. Оқои Нозиров афзуд, ки масъалаи аслии ҳамаи онҳо дастрасӣ ба кору даромади собит аст, ки рӯзгори онҳоро таъмин кунад. Дар бархе ноҳияҳои ҳаммарз бо Ӯзбакистон, ки шоҳиди таркишҳои аз ин бештари минаҳои зиддинафар шудаанд, барномаҳои кӯмаки кишоварзӣ ба маъюбон амал мекунад.

"Дар ноҳияҳои Ашту Исфара ба мардуме, ки аз таркиши мина зарар дидаанд, мурғ, гӯсфанд ва моли дигар медиҳанд. Ва ё ки асбобҳои мухталиф, ба мисли арра харида медиҳанд, ки он шахс устогӣ кунаду зиндагиашро пеш барад".

Вале Ихтиёр Акрамов мегӯяд, аз интизориву дастнигарӣ дилсард шудааст ва дигар ба умеди ҳеҷ кас ба ҷуз худу хешовандонаш буда наметавонад.

"Аз ман қариб ҳеҷ кас напурсид, ки ту чӣ ҳол дорӣ? Зиндагиро чӣ хел пеш мебарӣ? Ингуна саволҳо нашуд. Ягон кас хабар нагирифт. Ман гуфтам, ки яъне давлат набудааст, ки одами ҷабрдидаро хабар гирад. Ин хел гап набудааст".

Вай мегӯяд, ки ҳамчун падари ду фарзанд ба як хона эҳтиёҷ дораду мехоҳад барои кам кардани дардаш ҳангоми ҳаракат аз мошини хусусӣ истифода кунад.

Ба маъюбон дастгирӣ лозим, на танҳо моддӣ

Стан Брабант аз Созмони байналмилалии маъюбон гуфт, ғамхориву муҳаббати саривақтӣ ба ин бахши одамон фавқулодда муҳим аст, чунки кам андар ками онҳо баъди чунин зарбаи шадид рӯҳан қавиву нирӯманд мешаванд. Вай мегӯяд, дар Тоҷикистон як чунин нафареро медонад, ки баъди ҷароҳати вазнин тавонист вакили хуби мудофеъ шавад. Вале дар аксар ҳолатҳо, гуфт вай, нуқсу ҷароҳат ва камбудиҳои ҷисмонии ин афрод боиси афсурдагиву дисардии бештари онҳо аз зиндагиву ҷомеа мешавад.

Аммо ҳоло, муҳимтар аз ҳама, ба қавли ӯ, решакан шудани худи масъалаи минаҳо аст, ки ҳамоно дар заминҳо хобанду ба қавле пайти нав меҷӯянд. Дар ин самт, мегӯяд вай, барномаҳои пешгирӣ аз таркиши минаҳо, ки солҳои охир муваффақиятомез амал мекунанд, кам аст. Стан Брабант гуфт, поккории комили минаҳо муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст.

Равшан Нозиров аз созмони Ҳилоли Аҳмари Конибодом ҳам аз ҷониби Ӯзбакистон ҳамоно имзо нашудани Эъломияи Оттаваро ёдовар шуд, ки аз ин кишвар поккории заминҳоро аз минаҳо тақозо мекунад. Вай гуфт, тибқи омор дар ноҳияи Конибодом сокинони рустоҳои ӯзбактабори наздимарзӣ ҳам зиёд бо минаҳо бархӯрд мекунанд ва бо вуҷуди муроҷиати дастаҷамъонаи онҳо ба мақомоти Тошканд барои поккорӣ шудани заминҳо, ҳарфи онҳоро касе намешунавад.

Дар ҳоле, ки мина на шахсият, на миллат ва на мазҳабро намешиносад.
XS
SM
MD
LG