Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоби гарон роҳати ҷон, халал надеҳ бесабаб?


Гросмейстери рустабори Фаронса Владислав Ткачев ба як бозии мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Калкутаи Ҳиндустон дар ҳоли мастӣ омад ва баъд аз гашти 11 ум …хобаш бурд. Ӯ бо шоҳмотбози ҳинд Правин Кумар бозӣ мекард ва базӯр рӯи курсӣ менишаст. Чанд лаҳза баъд аз оғози бозӣ Ткачев сарашро болои миз гузошт ва хоб рафт. Хабаргузории Reuters бо такя ба нашрияи Hindustan Times навиштааст, ки ҳама талошҳои доварон барои бедор кардани шоҳмотбози бадмаст бенатиҷа поён ёфтанд ва чун Владислав Ткачев тайи якуним соат натавонист бозиро идома диҳад, аз ин рӯ ба ӯ бохт эълон карданд. Аҷиб он аст, ки ба шоҳмотбоз фақат ҳушдор доданд ва ӯ сабқатро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG