Пайвандҳои дастрасӣ

Бо дастури шифоҳӣ аз ҳукумати Узбакистон ашёи ин осорхона бароварда шуда, омодагиҳо ба вайрон кардани бино идома доранд.

Сомонаи интернетии Уз.Нюз хабар додааст, ки чандест, зиёрати хоҳишмандон аз ин осорхона қатъ шуда, ҳамаи анҷому колои он, ба монанди чизҳои шахсии Айнӣ, китобу ҷиҳоз аз бино бароварда шудааст.

Бархе аз манобеъи ин сомона гуфтаанд, сарнавишти Хона-музейи Садриддини Айниро як фармони даҳонии яке аз ноиби сарвазири Узбакистон ҳал кард, ки дар ҳузури ҳокимони шаҳр ва вилояти Самарқанд, Зоҳир Мирзоев ва Уктам Барноев амр дод, ки осорхона баста ва худи бино ба хок яксон гардад.

Ба гуфтаи кормандони осорхона, маъмурияти он дар номае ба унвони ҳокими вилояти Самарқанд хоҳиш кард, ки осорхонаи нависанда ва мутафаккири машҳури тоҷик ҳифз гардад, аммо то ҳанӯз ба ин нома посух дода нашудааст.

Вале умеди ин ки мақомоти давлат Хона-музейи Садриддини Айниро ҳифз хоҳанд кард, хеле заъиф аст, зеро аллакай нимпайкараи Айнӣ ва лавҳаи хона-музей аз даромадгоҳи осорхона бардошта шудаанд.

Омодагиҳои аз байн бурдани осорхонаи Айнӣ рӯшанфикрони Самарқандро шадидан нороҳат кардааст. Бисёриҳо бар инанд, ки чунин қадами навбатии бесмаъулиятонаи мақомоти давлат ба муносибатҳои байни Узбакистону Тоҷикистон зарба мезанад ва инчунин тоҷикони Узбакистонро озурда мекунад.

Таври маълум дар Самарқанду Бухоро, Сурхондарё, Намангон ва вилоятҳои дигари Узбакистон тоҷикони зиёде зиндагӣ мекунанд.

Фаъолони Маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд гуфтаанд, шикастани ҳайкал ва бастани осорхонаҳо танҳо ҷанбаи аёни сиёсатҳои ҳукумати Узбакистон дар коҳиш додани нуфузи фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар аст. Онҳо мегӯянд, мушкил дар ин аст, ки мақомоти Узбакистон эътироф намекунанд, ки тоҷикон дар асл дувумин бузугтарин гурӯҳи қавмӣ баъд аз узбакҳоянд.

Чунончи, ба гуфтаи ин фаъолон дар шаҳри Самарқанд дигар ягон мактаби тоҷикӣ намонда, дар деҳот шумораи онҳо ба поинтарин сатҳ афтодааст.

Овозаҳои тахриби Хона-музейи Садриддини Айнӣ сабаби ҷамъоварии имзо зери як номаи дастаҷамъона шудааст.

Садриддини Айнӣ дар соли 1878 дар тумани Ғиждувони наздикии Бухоро ба дунё омада, пас аз таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ба яке аз рӯшангарони давр табдил ёфтааст.

Дар оғози замони шӯравӣ вай бо навиштани тазкираи "Намунаи адабиёти тоҷик"талоши пантуркистҳоро, ки ҳастии мардуми хосеро ба номи тоҷикон рад менамуданд, хунсо кард ва дар солҳои таъқибҳои сталинӣ кам монда буд, ки террор шавад.

Айнӣ нахустин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар рушди илм дар Осиёи Марказӣ саҳим буда, то фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ сардафтари адабиёти тоҷик ва узбак ба шумор мерафт. Чанде пеш дар намоишгоҳи китоби Узбакистон дар Душанбе, ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Узбакистон чандин асари Айнӣ низ дар маърази тамошо қарор гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG