Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар нооромиҳои Умурчӣ "ҷудоихоҳон"-ро айбдор кард


Мақомоти Чин мегӯянд, ки бенизомиҳои ахир дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон аз сӯи ҷудоихоҳони маҳаллӣ созмон дода шудааст. Дар ин бора имрӯз вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Цзянчжу изҳорот пахш кард. Дар Урумчӣ полис ба хотири пароканда кардани намоиши эътирозии чиноиҳо аз гази ашковар истифода бурд. Чиноиҳо талаб доранд, ки ҳукумат амнияти онҳоро таъмин кунад, зеро вақтҳои ахир онҳо пайваста мавриди ҳамлаи уйғурҳои маҳаллӣ қарор мегиранд.
Моҳи июли соли равон бар асари низоъи қавмӣ дар Урумчӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG