Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нокоми ғасби корхонаи коняк дар Украина


Бар асари талошҳои тасарруфи корхонаи тавлиди коняки “Таврия” дар шаҳри Новая Каховка, воқеъ дар ҷануби Украина, 39 нафар, аз ҷумла, ду корманди милиса маҷрӯҳ шуданд. Кормандони ҳифзи тартибот 169 нафарро боздошт карданд. Вазири умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко ин ҳодисаро чун “ҳамлаи рейдерӣ” ба хотири ғасби корхона арзёбӣ намуд. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ҳуввияти 116 нафар аз боздоштшудагон ошкор шудааст – аксари онҳо афроди бекоранд, ки ба онҳо барои ширкат дар ғасби корхона аз 50 то 100 долларӣ додаанд. Додситонии Украина дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG