Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: Барои татбиқи стратегия вақт зарур аст


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс изҳор намуд, ки стратегияи раисиҷумҳур Барак Обама дар робита ба нобудсозии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, дар марҳалаи ибтидоии татбиқ шудан аст. Барои комёб шудани стратегия, ба гуфтаи вазир, вақти зиёд зарур аст. Дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон Роберт Гейтс гуфт, ки "то ҳанӯз ҳамаи нерӯҳои низомие, ки раисиҷумҳур дар бораи мустақаршавияшон амр дода буд, ба Афғонистон интиқол наёфтаанд. Дар Афғонистон ҳамчунин он теъдод кормандони мулкӣ, ки раисиҷумҳур барои афзоиши онҳо пойфишорӣ дорад, низ ҷойгир нашудаанд. Ҳамин тариқ, мо ҷойгирсозии нерӯҳои худ дар он ҷо ва татбиқи стратегияро акнун шурӯъ мекунем."
Вазири дифоъ афзуд, ӯ бо иддаое, ки замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон расидааст, розӣ нест. Назарпурсиҳо дар Амрико нишон медиҳанд, ки теъдоди ҷонибдорони ҳузури низомии кишвар дар Афғонистон коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG