Пайвандҳои дастрасӣ

5-уми сентябр – оғози давраи дуввуми мусобиқаи лигаи олӣ


Давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми сентябр оғоз мешавад.

Бозии дастаҳои муддаии унвони қаҳрамонӣ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозии марказии даври 10-уми мусобиқа ба шумор меравад. Ин бозӣ рӯзи шанбе, соати 17 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ хоҳад шуд.

Дар бозии дигар «Хуҷанд»-и Хуҷанд, пешсафи ҷадвали мусобиқа, бо дастаи меҳмон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - қувваозмоӣ хоҳад кард кард.

Ду бозии дигари даври 10-ум 6-уми сентябр барпо мегарданд. Рӯзи якшанбе «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Гвардия»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд.

Вале «Истиқлол»-и Душанбе бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста мешавад, зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашид. Бинобар ин теъдоди дастаҳои лигаи олӣ ба як адад коҳиш ёфт ва дар давраи дуввум 9 даста ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба назари коршиносон мубориза барои дарёфти медалҳо ва унвони қаҳрамонӣ байни чор дастаи пешсаф - «Хуҷанд», «Вахш», «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» - дар давраи дуввуми мусобиқа хеле шиддат хоҳад гирифт.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 5-уми сентябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

9

7

1

1

22-7

22

2.

«Вахш»

9

7

1

1

18-8

22

3.

«Регар» ТадАЗ

9

6

2

1

18-8

20

4.

«Истиқлол»

9

5

2

2

17-13

17

5.

«Парвоз»

9

3

4

2

12-10

13

6.

«Энергетик»

9

3

1

5

21-17

10

7.

«Равшан»

9

2

2

5

14-17

8

8.

«Спитамен»

9

1

3

5

9-17

6

9.

«Гвардия»

9

1

2

6

4-29

5

10.

CСKA «Помир»

9

0

2

7

7-19

2



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») ва Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 8-голӣ, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»), Юсуф Рабиев («Истиқлол») ва Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») - 6-голӣ.
XS
SM
MD
LG