Пайвандҳои дастрасӣ

Cафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Хорватия


Мулоқоти президенти Хорватия, Степан Месич бо ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, 23-юми майи соли 2009.

Мулоқоти президенти Хорватия, Степан Месич бо ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, 23-юми майи соли 2009.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии худ ба Хорватияро имрӯз оғоз кард.

Пас аз ширкат дар конфаронси байнулмилалии тағйири иқлим дар Женева, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Загреб, пойтахти Хорватия парвоз кард ва қарор аст, дар ин ҷо бо мақомоти олии Хорватия дидору гуфтушунид дошта бошад.

Ин сафари ҷавобии Эмомалӣ Раҳмон аст. Охири моҳи май, раисиҷумҳури Хорватия, Степан Месич ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Тафсилоти бештар бо расидани иттилоъ дар ин ҷо нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG