Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, вазъ дар Афғонистон таъҷилист


Раҳбарони низомии Амрико мегӯянд, вазъият дар Афғонистон изтирорист, вале онҳо бар ин ақидаанд, ки стратегияи Барак Обама кор медиҳад ва нируҳои Амрико барои торумори тундравҳо дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Роберт Гейтс зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, талошҳои Обама, аз ҷумла фиристодани 20 000 нируи изофии Амрико ба Афғонистон, ҳоло натиҷа медиҳад. Дар ҳамин нишасти хабарӣ Майк Муллен-раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар бораи Афғонистон чунин гуфт:
"Дар он ҷо вазъи таъҷилӣ эҳсос мешавад. Вақт ба нафъи мо кор намекунад. Ман бовар дорам ва мефаҳмам, ки мо ташаббусро ба даст мегирем".

Ин ду мақоми баландпояи артиши Амрико дар ҳоле ин суханонро иброз доштанд, ки 31-ӯми август Стейнлӣ МакКристалл-фармондеҳи нави нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон гузориши наверо дар бораи вазъи Афғонистон ба вазорати дифои Амрико фиристод ва нируву сармояи бештар тақозо кард.
XS
SM
MD
LG