Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳалаи ниҳоии ғанисозии урониюм дар Кореяи Шимолӣ


Кореяи Шимолӣ эълон кардааст, ки ба марҳалаи ниҳоии ғанисозии урониюм расидааст. Чунин кор ба ин кишвари зери ҳокимияти кумунистҳо имкон медиҳад, то онҳо қадами дигаре дар роҳи иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ бардоранд. Ин кишвар дар номае ба Шӯрои Амнияти СММ навиштааст, ғанисозии урониюм посухе ба ташдиди таҳримҳои зидди Кореяи Шимолист, ки барои озмоиши ҳастаии моҳи май бар зидди ин кишвар ҷорӣ шуд. Ҳадс зада мешавад, ки Кореяи Шимолӣ барномаҳи махфии ҳастаӣ дорад ва ғанисозии урониюм барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG