Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Амрикову Аргентина аз Маҷлиси Эрон


Вазорати умури хориҷаи Амрико ва Аргентина аз порлмони Эрон интиқод карданд, ки марди машкук ба бамгузориии соли 1994 дар Буенос Айреси Аргентинаро дар мақоми вазири дифоъ ба тасвиб расондааст. Аҳмад Ваҳидӣ, ки акнун номзадии вайро порламон дар ин мақом ба тасвиб расонд, дар бамгузории маркази яҳудиён гумонбар дониста мешавад. Дар ин бамгузорӣ 85 нафар кушта шуда буданд. Алберто Нисман-додситони аргентинӣ, ки ба ин ҳодиса расидагӣ мекунад, ин кори Эронро "шаппотие ба рӯи адолат"-и Аргентина ва хешовандони ин 85 нафар хонд. Ваҳидӣ рӯзи панҷшанбе дар порлмони Эрон бештар аз ҳар вазири дигар 227 рай ба даст овард.
XS
SM
MD
LG