Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз 4 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шуданд


НАТО мегӯяд, ду сарбози Амрико дар Афғонистон кушта шудаанд. Рӯзи панҷшанбе ҳангоме, ки онҳо дар ҷануби Афғонистон газма мегаштанд, баме мунфаҷир шуд ва онҳо ба қатл расиданд. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, низомиёни Британия мегӯянд, ки ду сарбози онҳо низ дар ду ҳодисаи ҷудогона дар вилояти Ҳилманд кушта шудаанд. Яе аз онҳо ҳадафи тир қарор гирифтааст ва дигарӣ дар инфиҷоре ҷони худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG