Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури расидагии дубора ба куштори Политковская


Додгоҳи Олии Русия дастур додааст, ки ба парвандаи куштори рӯзноманигор Анна Политковская расидагии дубора сурат бигирад. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, Додгоҳи Олии Русия парвандаро барои расидагии дубора ба додситонӣ баргардонидааст. Политковская яке аз мунаққидони ҷасури Кохи Кремл буд, ки аз нақзи ҳуқуқи башар ва ришвахорӣ интиқод мекард. Вай моҳи октябри соли 2006 дар Маскав ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифт. Марде, ки дар ин куштор муттаҳам дониста мешавад, ҳанӯз боздошт нашудааст. Хонаводаи вай ва ҷонибдоронаш аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки бояд фармоишдиҳандагони кушторро пайдо кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG