Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Ҷексон дар Лос Анҷелес ба хок супурда мешавад


Дар ин соатҳо охирин омодагиҳо ба дафни Майкл Ҷексон-овозхони машҳури ҷаҳон идома дорад. Вай дар яке аз мақбараҳои наздикии Лос Анҷелес, ки шахсиятҳои машҳури ҳунару фарҳанг мадфунанд, ба хок супурда мешавад. Аз 25-ӯми июн аз замоне, ки Майкл Ҷексон дар синни 50-солагӣ даргузашт, 70 рӯз мегузарад. Дар назди Мақбараи Бузурги Лос Анҷелес маросимҳои ба хок супурдани Ҷексон дар ин лаҳзаҳо идома дорад. Ҳафтаи гузашта мақомоти беҳдошти Лос Анҷелес гуфтанд, ки даргузашти Ҷексон куштор арзёбӣ мешавад. Муоинаи ҷасади вай собит сохтааст, ки дар бадани вай баъд аз даргузашт 6 навъ доруи мухталиф мавҷуд будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG