Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуот дар бораи задухурди тоҷикон дар Маскав


Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар қисмати ҷануби ғарбии шаҳри Маскав дар наздикии маркази тиҷоратии "Нахимовский" байни тоҷикон задухурде рух додааст. Баъзе хабаргузориҳо навиштаанд, ки байни онҳо тирандозӣ сурат гирифтааст. Дар ин задухурд, ки 7-8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доштаанд, як нафар ҷароҳат бардоштааст. Ба гуфтаи пулис, ин марди 25-сола бо захми сина ба шифохона интиқол дода шудааст. Афроди дигар аз маҳали задухурд "ғайб" задаанд.
XS
SM
MD
LG