Пайвандҳои дастрасӣ

Жовтис ба 4 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Қазоқистон фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Евгений Жовтисро бо ҷурми куштани одам ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Жовтис рӯзи 26 июл дар вилояти Алма-Ато бо мошинаш як марди 35-соларо зер кард. Таҳқиқоти аввалия Жовтисро дар ин сониҳа бегуноҳ баровард. Вале баъди чанд рӯз таҳқиқоти дигаре анҷом шуд, ки раҳбари Дафтари ҳуқуқи башар ва ҳукми қонунро гунаҳкор дарёфт. Бархе созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, шояд ин парванда ба хотири бастани забони Жовтис аз интиқоди ҳукумат бошад.
XS
SM
MD
LG