Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарез -- "аждаҳои хуфта"-и Осиёи Марказӣ


Акси Сарез аз моҳвораи NASA.
Акси Сарез аз моҳвораи NASA.

Дар сурати рахна дидани сарбанди Сарез нахуст аз ҳама деҳаи Барчидев, ки дар 18-километрии поёни он воқеъ аст, шуста мешавад.

Ба ҳисоби мутахассисон мавҷҳои об ба ин ҷо пас аз 22 дақиқа хоҳад расид. Баъдан селоби азим роҳи худро давом дод, дар маҷмӯъ ба ҷони беш аз 2 миллион сокини кишварҳои минтақа таҳдид хоҳад кард.
"Ҳангоме ки аз қуллаҳо боло мешавӣ, фақат осмони нилгунро мебинӣ ва ниҳоят ба ҷое мерасӣ, ки худро дар олами афсонавии ҳамоиши осмони нилгун ва оби нилгун мебинӣ...

Ба хотири ҷилавгири аз оқибатҳои офати эҳтмолӣ дар 18 маҳалли аҳолинишини ноҳияи Рӯшон, ки дар роҳи ҳаракати сели Сарез қарор доранд, бо ибтикори созмонҳои байналмиллалӣ ҷойҳои бехатар ё «ҷазираҳои наҷот» таъсис ёфта, дар анборҳои махсуси ин ҷо барои муддати муайян хӯроку пӯшок захира гардидааст.

Сарезро бо назардошти хатари марговараш бархе аз мутахассисон «аждаҳои хуфта» -и Осиёи Марказӣ меноманд, аммо бархе барои зебоии нотакрораш ин кӯлро «нозанини хуфта» унвон кардаанд.

Аммо дидани ин падидаи зебо ба ҳар кас муяссар намешавад.

Ҳатто аксари кулли сокинони Бадахшон Сарези афсонавиро танҳо дар аксу наворҳо дидаанд. Зеро ин мӯъҷизаи табиат дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр, дур аз чашми инсон, чун донаи марворид дар нигини қуллаҳои осмонбӯси Бартанг ҷой гирифтааст.

Бархе аз сайёҳон ба хотири дидани Сарез 125 километр роҳро аз маҳалли Булункули ноҳияи Мурғоб то худи кӯл пиёда тай мекунанд.

Журналист Гулос Мамадлоиқов аз онҳоест, ки ин роҳро паймудааст. Вай гуфт, аммо аз тарафи ноҳияи Рӯшон солҳои охир зиёда аз 20 километр роҳи дигар ба сӯи кӯл сохта ва то деҳаи Барчидев расонда шудааст.

Ба гуфтаи сардори Бунгоҳи зистмуҳитии Рошорви ноҳияи Рӯшон, Ватаншо Мирзоев, агарчи вай ҳамагӣ 22 километр поинтар аз сарбанд зист дорад, аммо имсол барои аввалин бор бо як меҳмон аз Душанбе аз деҳаи Барчидев то Сарезро пойи пиёда рафт. Вай гуфт, "ҳангоме ки аз қуллаҳо боло мешавӣ, фақат осмони нилгунро мебинӣ ва ниҳоят ба ҷое мерасӣ, ки худро дар олами афсонавии ҳамоиши осмони нилгун ва оби нилгун мебинӣ."

Вай афзуд, ки алҳол Сарезро ҳамарӯза чаҳор мутахассиси ситоди ҳолатҳои изтирорӣ муроқибат мекунанд ва онҳое, ки ба Сарез меоянд, имкон доранд, ки бо заврақи мотордор дар кӯл сайёҳат кунанд ва аз мосту ҷурғоти айлоқи наздиктарин ком ширин кунанд.

Дурии Сарез дар вақташ сабаб шудааст, ки хабари заминларзаи шадиди моҳи феврали соли 1911-ум фақат пас аз ду моҳ ба масъулини қароргоҳи марзбонии Рус дар Хоруғ расид.

Дар ин заминларза 80 кас ҳалок шуда, бар асари канда шудану фурӯ афтодани кӯҳпора ва ба вуҷуд омадани сарбанди сунъӣ чанд деҳа зери об мондаанд.

Афсари рус Скорский нахустин масъуле будааст, ки бо кӯмаки афсарони қароргоҳи марзбонӣ ба Сарез сафар карда, дар бораи Сарез маълумот додааст.

Ҳамчунин аз ин давра сар карда, яке аз сокинони маҳал нахустин бор муроқиби кӯл таъин шуда, то соли 1925 кор кардааст ва ин анъана бо назардошти аҳамияти дидбонии сатҳи об то ҳол идома меёбад.

Алҳол эҳтимоли рахна шудани сарбанд ва пайомадҳои мудҳиши чунин ҳодиса таваҷҷӯҳи мутахассисонро ба худ кашидааст, аммо Зарик Зариков, сокини деҳаи Нисури Рушон, ки зиёда аз 20 сол дар Сарез кор кардааст, дар сӯҳбат ба хабарнигори «Озодӣ» Сарезро мӯъҷизаи нодири табиат унвон карда, гуфт, ки он бо хости худованд арзи вуҷуд кардааст ва танҳо бо қудрати вай дар ҳолати фавқулода рахна мешавад.
XS
SM
MD
LG