Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии Э. Раҳмон дар анҷумани тағйири иқлим


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Женева дар анҷумани севвуми ҷаҳонии тағйири иқлим суханронӣ мекард, Тоҷикистонро бо шароити мураккаби ҷуғрофиаш аз осебпазиртарин кишварҳои паҳнои АвроОсиё дар ростои тағйири ҷаҳонии иқлим номид. Оқои Раҳмон аз ҷумла дар баробари фоҷиаи Арал ба доғ шудани мавзӯъи об дар Осиёи Марказӣ ишора кард ва гуфт, тайи асри 20 сеяки пиряхҳои ин минтақа об шуда, агар ин раванд идома кунад, Тоҷикистон аз ҳазорон пиряхҳояш маҳрум хоҳад шуд.
Дар анҷумани Женева намояндагон аз беш аз 150 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG