Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Қодиров аз раҳбари "Мемориал" рад шуд


Мақомоти додгоҳии Русия шикояти раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро, ки аз раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи башар “Мемориал” Олег Орлов барои таҳқири шахси худ 1 миллион рубл ҷуброни молӣ тақозо карда буд, радд кард. Орлов дар моҳи июл Қодировро масъули кушта шудани корманди “Мемориал” Наталя Эстемирова номида буд. Вакили мудофеъи Қодиров –Андрей Красненков гуфт, агар сомонаи интернетии “Мемориал” ҳамчун расона сабти ном шавад, мақомоти Русия метавонанд ин тасмими худро бозбинӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG