Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони бойгонии минтақаи Кӯлоб зимни таҷдиди ҳуҷҷатгузорӣ аснодеро дарёфтаанд, ки фирори ҳаштсад оилаи тоҷик дар солҳои 1920 ва 30-уми асри гузашта аз навоҳии наздисарҳадӣ ба Ҷумҳури исломии Афғонистонро тасдиқ мекунад.

Ҳангоми барқароркунии низоми Шӯравӣ дар минтақаи Кӯлоб хонаводаҳои норозӣ аз ин низом ва онҳое, ки зери таъқиб қарор доштанд, ба Афғонистон фирор карда буданд, вале то ин замон шумори дақиқи ин хонаводаҳоро касе намедонист.

Ҷумъахон Талбаков, мудири бойгонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, тавре аз асноди пайдошуда бар меояд, фирори дастаҷамъии мардум аз ин минтақа ба Афғонистон чашмрас будааст. Вай мегӯяд, кор то ҳадде расида буд, ки бархе деҳот дар минтақа комилан беодам монда буданд ва аҳолии онҳо ҳангоми фирор баъзе то Афғонистон норасида, аз тири марзбонҳо кушта шуда, боқӣ Афғонистонро макони зисти якумра интихоб намуданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо роҳи дубора бозгашт ба Тоҷикистонро надоштанд, зеро дар ин сурат ҳукми қатл мегирифтанд ё ба Сибир бадарға мегардиданд.

Холмад Сафаров, устоди риштаи таърихи Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, фирори дастаҷамъии тоҷикон дар солҳои барқароркунии ҳокимияти Шӯравӣ ба Афғонистон ва ҳаёти онҳо дар он ҷониби марз то ба ҳол пурра омӯхта нашудааст. Ба қавли ӯ, аксари фирориён давлати ғайриисломиро қабул надоштанд ва бархеи дигар хавф доштанд, ки аз ҷониби аскарони Сурх ҳамчун фарди доро шинохта шуда, қатл мешаванд. Ҷаноби Сафаров инчунин мегӯяд, мардум он замон гирифтори зулми дуҷониба гардида буд: аз як сӯ аскарони Сурх ва аз сӯи дигар нерӯҳои зиддишӯравӣ ё ба истилоҳ босмачиён мардумро зери фишор қарор дода буданд.

Дар ин миён мардуми зиёде аз манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ба Афғонистон фирор карданд, вале пайвандонашон дар ин кишвар боқӣ монданд. Аммо Сафаралӣ Мирзоев, як таърихшиноси дигар мегӯяд, Шӯравӣ бо роҳҳои гуногун иртиботи мардуми ду тарафи марзро номумкин гардонид ва пас аз барҳамхӯрдани Шӯравӣ аллакай дер шуда буд ва дигар ин иртибот низ барқарор нагардид.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Британияи Кабир ва Русия, ки минтақа зери нуфузашон қарор дошт, дар соли 1895 қисмат шуд ва барои сабукии кор дар тақсимбандии марз абарқудратони вақт дарёи Омуро ҳамчун марзи ба истилоҳ ду империя эълон доштанд.

Пас аз ғалабаи болшевикон дар Русия сар аз соли 1919 барқароркунии ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна шурӯъ шуд. Ҳангоми муқовимати нерӯҳои зиддишӯравӣ ё ба истилоҳи маъмул босмачиён аз солҳои 20 ум то 30 уми асри гузашта фирори мардумони маҳаллӣ ба Афғонистон сурат гирифт ва ин раванд то замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, яъне, то мустаҳкам гардидани сарҳадоти миёни Осиёи Миёна ва Афғонистон давом доштааст.
XS
SM
MD
LG