Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳои ҷадид дар Урумчӣ


Бино ба хабарҳо, дар Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин эътирозҳои ҷадид сурат гирифтаанд. Хабаргузории расмии Синхуа мегӯяд, дар Урумчӣ беш аз 1000 нафар гирди ҳам омада, дар пайи силсилаи ҳамалот бо истифода аз сӯзандору алайҳи бад шудани ҳифзи амнияти мардум эътироз кардаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи чанд мавриди чунин ҳамла меравад.
Шоҳидон мегӯянд, эътирозгарон намояндагони қавми чиноии ҳан буданд. Рӯзи 5 июл бар асари муноқишаи қавмӣ байни уйғурҳо ва ҳанҳо дар Урумчӣ қариб 200 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG