Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин ба IMF 50 миллиард $ медиҳад


Чин 50 миллиард доллар аз нахустин бастаи ба фурӯш гузоштаи Сандуқи байналмилалии пулро харидорӣ мекунад. Ин муомила бахше аз талошҳои Сандуқи пул ба хотири то ба 500 миллиард доллар расонидани ҳаҷми қарзҳояш ба иқтисодҳои аз бӯҳрони саросарии молӣ осебдидаи ҷаҳон аст. Чин дар байни 20 иқтисоди бузурги дунёст, ки ба Сандуқи байнамилалии пул ба манзури муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонӣ беш аз 400 миллиард доллар ваъдаи кӯмак супурдаанд.
Аммо Чин бо ин вуҷуд, ки пулаш дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидуфурӯш намешавад, ин бор ба Сандуқи пул 341,2 милиард юан додааст, на доллар. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф шояд ҳамон барномаи батадриҷи Пекин ба хотири густариши доманаи корбурди юан дар хориҷ аз Чин бошад.
XS
SM
MD
LG