Пайвандҳои дастрасӣ

OECD: "Ҷаҳон аз марҳалаи пасрафт берун меояд"


Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, мақараш дар Порис мегӯяд, иқтисоди ҷаҳонӣ назар ба пешбиниҳои қаблӣ зудтар рӯ ба эҳё овардааст. OECD, ки ҳудуди 30 иқтисоди аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, гуфт, интизор меравад, ки Амрико ва минтақаи евро алакай дар семоҳаи севвуми соли ҷорӣ марҳалаи пасрафтро паси сар кунанд. Аммо бино ба ин гузориш, суръати эҳёи иқтисоди ҷаҳон то чанд муддати дигар суст ва бекорӣ як таҳдид боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG