Пайвандҳои дастрасӣ

Бахшҳои суғдии се ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон : демократӣ, сотсиал – демократӣ ва наҳзати исломӣ дар як ҳамоиш дар рӯзи панҷшанбеи 3 – юми сентябр бо нигаронӣ аз рад шудани Лоиҳаи қонуни интихобот аз сӯи ҳукумат гуфтанд, бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ аз раисҷумҳур ва парлумони кишвар мусоидат ба ислоҳи Қонуни нави интихоботро тақозо хоҳанд кард. Ба қавли сарони бахшҳои се ҳизби мазкур, канор гузоштани тарҳи коммунистон аз сӯи ҳукумат баргузории шаффофу демократии интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 – ро, ки кафолати онро раисҷумҳур дар паёми солонаи худ баён дошта буд, зери савол мебарад.

Дилбар Самадова, раҳбари бахши Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд: «Дар як нишасти ҳизбҳои сиёсӣ, дар Душанбе як нафар гуфта буд, то вақте ки худи ҷаноби олӣ ба вакилони парлумон супориш надиҳанд, ки ҳамин қонуни интихобот қабул шавад, вакилон ба қабули он ҷуръат намекунанд. Вале ман ба он гап шубҳа доштам. Ва гумон мекардам раисҷумҳур он кафолатеро, ки ба шаффофияти баргузории интихобот доданд, бо роҳи қонунӣ ва ислоҳи Қонуни интихобот тақвият медиҳанд.»

Тарҳи пешниҳодии ҳизби коммунистӣ


Муҳаммадҷон Исомаддинов, сарвари созмони ҳизби халқӣ - демократӣ дар шаҳри Хуҷанд: «Мо тарафдори ҳамин қонуне, ки ҳаст. Аммо ин ҷо мегӯянд, ки он иштироки баробари нозирон аз ҳама ҳизбҳоро дар интихобот таъмин карда наметавонад. Охир, ҳизбҳо аъзо надошта бошанду намояндаҳои худро ба ҳамаи ҳавзаву қитъаҳо пешниҳод карда натавонанд, гуноҳи Қонун чисту гуноҳи мо чӣ ?»

Файзулло Файзиев, сарвари демократҳои Суғд: «Агар вакилони парлумон воқеан бо роҳи озод ба курсии вакилӣ омада мебуданд ва истиқлоли шахсӣ медоштанд, ин лоиҳаро се моҳ пеш муҳокима ва қабул мекарданд. Аммо вакилони муҳтарами мо, ки таъинкардашуда мебошанд, аз тарси он ки аз курсиву нафақа маҳрум мешаванд, аз баёни манфиатҳои халқу миллати худ худдорӣ мекунанд .»

Қурбонгул Мирзоева, муовини раҳбари ҳизби коммунистии Тоҷикистон: «Пардохти ин гаравпулӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон, ки таъсири манфии буҳрони моли ҷаҳониро аз сар мегузаронад, бисёр гарон аст. Бинобар ин мо гумон мекунем оянда лоиҳаи мо ба муҳокимаи маҷлиси намояндагон гузошта шуда, мавриди қабул қарор мегирад.»

Ин бори дуюм аст, ки бархе аз аҳзоби сиёсии Суғд бо тақозои ислоҳи Қонуни интихобот ба Маҷлиси олӣ ба раисҷумҳур муроҷиат мекунанд. Дар моҳи июн бахшҳои суғдии аҳзоби сиёсӣ, ба ҷуз ҳизби халқии демократӣ бо ирсоли як нома аз раисҷумҳур хоста буданд бо ворид намудани тағйироти пешниҳодии аҳзоб ба Қонуни интихобот кафолати забонии худро барои баргузории интихоботи озоду шаффоф нерӯи қонунӣ бахшад.
XS
SM
MD
LG