Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз сад донишҷӯи туркмантабори Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар шаҳри Бишкек, ки шаҳрванди Туркманистон ҳастанд, таҳсилро дар Донишгоҳи амрикоии Булғористон идома хоҳанд дод.

Мақомоти марбутаи туркман дар мавриди ба таҳсил фаро гирифтани ин теъдоди ҷавонони кишварашон бо мақомоти донишгоҳи мазбур вориди гуфтушунид шудаанд.

Вазорати маорифи Туркманистон, ки ахиран таҳсили донишҷӯҳои туркман дар берун аз кишварро манъ карда буд, гуфтааст, муроҷиатҳои донишҷӯёни Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ҳаргиз вазъиятро тағйир нахоҳад дод. Вазорат таҳдид кардааст, ки дар акси ҳол ин ҷавонон ба ягон донишгоҳи дигари Туркманистон шомил нахоҳанд шуд.

Нашрияи электронии «Хроника Туркменистана» навиштааст, сафири ИМА дар Ишқобод Уилям Стивенс баъди мулоқот бо мақомоти Вазорати маорифи Туркманистон, интиқоли донишҷӯёни туркманро аз Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ба Донишгоҳи амрикоии Булғористон роҳи ягонаи ҳалли ин мушкил арзёбӣ кардааст. Ин нашрия афзудааст, донишгоҳе, ки ҷавонони туркман дар Булғористон таҳсилро аз сар хоҳанд гирифт, донишгоҳи хусусии амрикоист ва таъмини молии онро низ ҳукумати ИМА бар дӯш дорад.

Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ як аксуламалеро таҳти унвони «Аз донишҷӯёни туркман пуштибонӣ мекунем» барои рӯзи панҷшанбе тарҳрезӣ карда буданд. Вале бо пеш омадани мавзӯъи Булғористон, мегӯяд Евгения Романовская, ҳамоҳангсози донишгоҳи амрикоӣ, донишҷӯён аз баргузории ин аксуламал худдорӣ кардаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон, 26 ва 27-уми август як сафари расмӣ ба Булғористон анҷом дода буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG