Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон интиқоли газро аз нав кам кард


Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро аз нав коҳиш додааст. Мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, ин дафъа интиқоли газ ба ҷануби Тоҷикистон аз 10 000 то ба 7 000 метри мукааб дар соат коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз Узбакистон 11 000 метри мукааб дар соат гази табиӣ ворид мекунад.
Ин бор ҳам далели аслии кам шудани воридоти газ аз Узбакистон молӣ буда, ба гуфтаи масъулони “Тоҷиктрансгаз”, қарзи онҳо феълан ба 16 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG