Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавридҳои бадрафторӣ дар сафорати Амрико дар Кобул


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ҷиҳати таҳқиқи иддаоҳо дар бадахлоқиҳову бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба посбонони қарордодии сафорати Амрико дар Афғонистон дастур додааст. Ахиран як созмони мустақили назоратӣ бо номи Барномаи назорати давлат гуфт, ки посбонони сафорат аз ҷониби маъмурони онҳо мавриди истисмор ва бархӯрди номуносиб қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, вазъи пешомада боиси пойин рафтани сатҳи ахлоқӣ дар бахши амниятии сафорати Амрико шудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ян Келлӣ гуфт, таҳқиқот метавонад мунҷар ба қатъи қарордоди 189-миллиондолларӣ бо ширкати ArmorGroup, масъули таъмини амнияти сафорати Амрико дар Кобул шавад.
XS
SM
MD
LG