Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Политковская аз нав таҳқиқ хоҳад шуд


Додгоҳи олии Русия ҷиҳати таҳқиқи дигарбораи парвандаи қатли хабарнигори маъруф Анна Политковская дастур дод. Қаблан як додгоҳи поёнӣ дархости хонаводаи Политковская ҷиҳати анҷоми таҳқиқи амиқтари ин парвандаро радд карда буд.
Додситони давлатӣ Вера Пашковская имрӯз гуфт: “Мо ба хулосае омадем, ки бидуни қотили аслӣ муҳокимаи парванда комил нест ва Додгоҳи олӣ ба тавҷеҳоти мо розӣ шуд ва парвандаро барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристод.”
Политковская, ки асосан дар бораи фасод ва нақзи ҳуқуқи башар мақола менавишт, дар моҳи октябри соли 2006 дар натиҷаи як сӯъиқасд дар Маскав кушта шуд.
Як додгоҳи Русия дар авоили соли ҷорӣ се нафари муттаҳам ба ҳамдастӣ дар ин кушторро сафед карда буд, вале бо лағв шудани ин ҳукм, он се нафар дигарбора ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Аъзои хонаводаи Политковская то замони пайдо кардани фармоишгари куштор идома додани тафтиши парвандаро тақозо доранд.
XS
SM
MD
LG